Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Непал 6 кас ҷон бохт


Бар асари заминларзаи нав дар Непал, ки рӯзи 12 май рӯй дод, бар пояи иттилои пешакӣ, 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Катманду, пойтахти кишвар, дубора баста шуд. Мардум аз нахустин лаҳзаҳои заминҷунбӣ манзилҳои худро тарк намуданд.

Хадамоти назорати геологии ИМА рӯзи сешанбе хабар дод, ки маркази зилзилаи нерӯяш 7,4 дараҷаи Рихтер дар 68-километрии ғарби минтақаи Навчӣ Бозор, дар байни Катманду ва кӯҳи Эверест ва дар марзҳои Чин воқеъ буд.

Ларзиши замин дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, ҳамчунин дар Афғонистон ва Чин ҳам эҳсос шуд.

Дар бораи харобиҳо аз зилзилаи нав то ҳол иттилоъ нарасидааст. Бар асари заминларзаи мудҳиш, ки рӯзи 25 апрел дар Непал ба вуқӯъ пайваста буд, беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 17800 нафар маҷрӯҳ шуданд. Нерӯи он заминларза 7,8 дараҷаи Рихтер буд.

XS
SM
MD
LG