Мақомоти Афғонистон мегӯянд, одамрабоён 19 ҳазораро, ки моҳи феврал рабуданд, дар ивази 22 нафар озод карданд. Отаҷон Ҳақбой, узви маҷлиси вилоятии Зобул рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, табодули гаравгонон дар ҳамин рӯз дар ноҳияи Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ сурат гирифтааст. Асадулло Какар, як мақоми дигари вилоят гуфт, 22 нафаре, ки ба одамрабоён таслим карданд, хориҷиён аз ҷумла занону кӯдакон ва ғолибан хонаводаҳои афроди одамрабо будаанд. Дар байни онҳо узбактаборон ҳам будаанд. Ба гуфтаи Асадулло Какар, одамрабоён талаб кардаанд, ки дар ивази 11 ҳазораи боқимонда 6 хориҷии дигарро озод кунанд. Маълум нест, ки узбакҳо чӣ гуна ба дасти мақомоти интизомии Афғонистон афтодаанд. Сӣ марди ҳазора, яке аз аққалиятҳои Афғонистонро рӯзи 23-уми феврал дар роҳе байни шаҳри Қандаҳор ва Кобул рабуданд. Дар аввал мақомот мегуфтанд, ки одамрабоён шарикони гурӯҳи Давлати исломӣ ҳастанд.