Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи Покистонро Толибон задаанд?


Дар як навори видеоӣ Толибон бо мушакандозҳои замин ба ҳаво дар даст даъво мекунанд, ки онҳо бо ҳамин гуна мушакандоз як чархболи покистониро, ки дипломатҳои хориҷиро мебурд, сарнагун кардаанд. Дар ин навор, ки хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" онро дидааст, паёме аз ҷониби Толибони Покистон низ ҳамроҳ шудааст ва дар он иддао мешавад, 8 май аз масофаи 3 километр онҳо чархболро сарнагун кардаанд.

Дар ин ҳодиса сафирони Филиппин ва Норвегия дар Покистон ва хонуми сафири Малайзия ва хонуми сафири Индонезия низ якҷоя бо се халабон кушта шудаанд. Чанд дипломати дигар, ки дар ин чархбол нишаста буданд, осеб надидаанд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки нуқси фаннӣ сабаби сарнагунии чархбол шудааст ва онҳо ҳамчунин аз иддаои Толибон дар бораи задани чархбол интиқод кардаанд. Вале дар ин навор, ки мушакандози замин ба ҳаво намоиш дода мешавад, мушакандози воқеӣ ба назар мерасад. То ҳол мақомоти низомӣ дар бораи ин навори видеоӣ изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG