Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон ҷасадҳоро ба пойгоҳи низомӣ оварданд


Ҷасади 7 нафарро, ки дар суқути чархбол ба қатл расиданд, ба пойгоҳи низомие дар наздикии Исломобод-пойтахти ин кишвар интиқол доданд.

Сафирони Филиппину Норвегия ва хонумҳои ду дипломати дигар дар шимоли ин кишвар дар ин ҳодиса кушта шуданд. 12 нафари дигар ҳам, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд, ба пойгоҳи низомӣ оварда шуданд.

Покистон 9 майро рӯзи мотами миллӣ эълон кардааст.

Ин чархбол ба сӯи рустои Налтар дар шимоли кишвар парвоз мекард. Интизор мерафт, ки нахуствазир Навоз Шариф бо ширкати меҳмонони хориҷӣ хати нави лижарониро боз кунад.

Толибони Покистон даъво кардаанд, ки онҳо чархболро суқут додаанд, вале мақомот мегӯянд, ки сабаби суқути чархбол камбуди фаннӣ будааст.

XS
SM
MD
LG