Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми одамрабоӣ


Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон дар ноҳияи Люберетси вилояти Маскав бо иттиҳоми одамрабоӣ боздошт шудааст. Пулиси Русия мегӯяд, ин шахс дар машварат бо афроди дигаре, ки ҳанӯз шиносоӣ нашудаанд, як нафари 36-соларо бо мақсади рӯёндани маблағ рабудааст. Онҳо ин нафарро дар гаражи мошини ӯ пинҳон намуда, телефони ҳамроҳ ва моликияташро дар ҳаҷми 1600 доллар ва 140 000 рубли русӣ дуздида, сипас ба воситаи телефон аз шиноси мард хостаанд, барои озодии ӯ 1 миллион рубл диҳад. Ҳангоми гирифтани пул яке аз ширкаткунандагони ин моҷаро боздошт шуд ва ҳоло талош мешавад, ки гумонбарони дигар низ муайян ва борздошт шаванд.

XS
SM
MD
LG