Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори Македония ба ҷиноят муттаҳам шуд


Никола Груевски
Никола Груевски

Додситони кулли Македония як сиёсатмадори бонуфузи мухолифинро барои нақшаш дар моҷарои сабти махфии гуфтугӯҳои нахуствазир Никола Груевски ба ҷиноят муттаҳам кард.

Нашрияҳои маҳаллӣ рӯзи 1 май бо такя ба баёнияи додситонӣ навиштанд, ки Зоран Заев, раиси Ҳизби сотсиал- демократӣ, дар “тӯҳмат ба намояндагони ниҳодҳои олии давлатӣ” муттаҳам мешавад. Ҳамин гуна иттиҳом алайҳи чаҳор нафари дигар ҳам эълон шудааст.

Зоран Заев чанде қабл сабти баъзе аз сӯҳбатҳои Никола Груевскиро нашр карда буд, ки гӯё дар он нахуствазир ва дигар мансабдорони воломақом дар бораи интихоби додрасҳо аз ҳисоби аъзои ҳизби худ сӯҳбат мекарданд.

Заев мегӯяд, ки ин сабтҳоро аз ифшогар ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, ки дар сурати собит шудани иттиҳомот ба раиси сотсиал-демократҳои Македония то 4 соли зиндон таҳдид мекунад.

Моҷарои сӯҳбатҳои пинҳонии нахуствазир сабаби латма дидани обрӯи Македония дар Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ шуд, ки гуфтанд, ин кишвар волоияти қонун ва озодии матбуотро таъмин намекунад.

XS
SM
MD
LG