Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

52 нафар дар Ҷурми Боло зери теппаи хок монданд


Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки субҳи 28 апрел дар натиҷаи лағзиши теппаи бузург дар рустои Ҷурми Болои вулусволии Хоҳон 52 нафар зери хок мондаанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, 200 нафар сокинони ин русто аз маҳали сукунати худ фирор кардаанд. Дар минтақа обшавии барф идома дорад ва то ба ин русто танҳо бо чархбол рафтан мумкин аст.

Гурӯҳҳои наҷот барои расидан ба маҳал ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Дар мавсими баҳор дар натиҷаи бориши борон ва обшавии барф резиши селобу лағзиши теппаҳо як падидаи маъмулӣ дар ин минтақа мебошад.

Моҳи маи соли 2014 деҳаи Оби Борики вилояти Бадахшон зери теппаи 50 метрӣ монда буд. Лағзиши дубораи теппа гурӯҳҳои наҷоти рустои ҳамсояро низ зер карда буд. Дар ин ҳодиса шумораи қурбониён номаълум монда буд, вале аз 350 то 2 700 нафар тахмин зада мешавад.

XS
SM
MD
LG