Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик Маскав


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Маскав, ду шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтаанд. Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 23 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса нимашаби 20 апрел рух дод ва як автомашинаи хурд ба ду мошини калони боркаш бархӯрдааст, ки дар натиҷа чанд нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бархе расонаҳо гуфта буданд, ки ҳамаи ҳалокшудагони ин садама шаҳвандони Тоҷикистон мебошанд. Вале ба гуфтаи Хадамоти муҳоҷират, баъди таҳқиқи онҳо ошкор шудааст, ки дар ду шаҳрванди Тоҷикистон -- яке Додов Самад Абдуллоевич с.т. 1981, зодаи ноҳияи Ванҷ ва Шоев Ҷумъахон. 1970, зодаи ноҳияи Файзобод дар ин ҳодиса ҷон додаанд. Ба гуфтаи Хадамоти муҳоҷират, ин ду зодаи Тоҷикистон бо мақсади ба расмият даровардани патент дар Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират, шабона барои гирифтани навбат раҳиспор буданд.

Ду нафари дигар аз ҷониби Намояндагӣ муайян гардиданд, ки яке Отаев Акрамҷон шаҳрванди Қирғизистон ва дигаре Юсупов Нуриддин Сумиевич шаҳрванди Узбекистон мебошанд. Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷират ҷасади шаҳрвандони кишвар шаби 21 апрел тавассути ширкати ҳавопаймои «Тоҷик - эйр» ба ватан равона карда шуданд.

XS
SM
MD
LG