Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" даъвои Брюсселро рад кард


Маргрете Вестагер
Маргрете Вестагер

Ширкати “Газпром”-и Русия даъвои Комиссиюни Аврупо дар мавриди талоши ширкат барои яккатозӣ дар бозорҳои Аврупоро бепояву бунёд номид. Дар изҳороти “Газпром” гуфта шудааст, ширкат ҳама меъёрҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ ва қавонини ҳама кишварҳоеро, ки он ҷо фаъолият дорад, бечуну чаро риоя мекунад.

Намояндаи “Газпром” Сергей Куприянов рӯзии 22 апрел ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки ширкат ба иттиҳоми Комиссиюни Аврупо дар чаҳорчӯби қонун посух мегӯяд.

Аз ин пеш Комиссииюни Аврупо ширкати “Газпром”-ро расман дар нақзи қавонини зиддинҳисорӣ айбдор кардааст. Дар ин бора намояндаи Комиссиюни Аврупо дар масоили рақобат Маргрете Вестагер рӯзи 22 апрел дар Брюссел хабар дод, Ба гуфтаи ӯ, "Газпром" дар ҳашт кишвари Иттиҳодияи Аврупо – Эстония, Маҷористон, Булғористон, Чехия, Латвия, Литва, Лаҳистон ва Словакия яккатозӣ мекунад ва газро бо қимати боло мефурӯшад.

Тафтиши фаъолияти ширкат аз сӯи Комиссиюни Аврупо соли 2012 баъд аз шикояти чанд кишвари аврупоии пойбанд ба гази Русия дар бораи ба таври сунъӣ боло бурдани қиммати ин маводи сӯхт шурӯъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG