Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои иқтисодӣ дар музокироти сарони Чину Покистон


Дар музокироти Сӣ Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 20 апрел тарҳҳои бисёрмиллиардаи иқтисодии Чин дар меҳвар қарор доштанд. Дар ин бора расонаҳои чопи Исломобод хабар доданд.

Сӣ Ҷинпин ба хотири баррасии масоили иқтисодӣ ва амниятӣ бо Покистон рӯзи душанбе вориди Исломобод шуд. Аз ин пеш хабаргузориҳо навишта буданд, ки сарвари Чин тарҳҳои муштараки иқтисодии кишвараш бо Покистон ба маблағи 46 миллиард долларро муаррифӣ мекунад.

Пекин ва Исломобод умедворанд, ки Долони Иқтисодии Покистон ва Чинро боз мекунанд – тавассути ин долон Чин ба бандари ҷанубии Гвадари Покистон бо бандарҳое дар Баҳри Араб даст меёбад. Ин долон аз Балуҷистон, як минтақаи ошӯбзада ва фақири Покистон ҳам мегузарад.

Навоз Шариф ва Сӣ Ҷинпин. авзоъ дар Афғонистон ва нигарониҳои Чин аз пайвастани ҷудоихоҳони мусалмони Шинҷон бо ситезаҷӯёни покистониро ҳам баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG