Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман сулҳи пешниҳодии Эронро рад кард


Ҳукумати Яман нақшаи сулҳи пешниҳодии Эрон ба СММ-ро рад кард. Арабистони Саъудӣ ва ҳампаймонҳои он мавзеъҳои шӯришиёни ҳусӣ дар Яманро аз се ҳафта ба ин сӯ бомборон мекунанд ва онҳоро аз пешравӣ нигоҳ медоранд.

Дар нақшаи пешниҳодии сулҳи Эрон аз ҷонибҳо даъват шудааст, ки оташбас эълон кунанд, ҳамлаи нируҳои хориҷӣ қатъ шавад, расондани кӯмакҳои башарӣ оғоз гадад ва барои ташкили ҳукумати муросои миллӣ музокирот шуруъ шавад.

Сухангӯи ҳукумати Яман 18 апрел зимни суханони худ ба хабаргузории Ройтерз ташаббуси Эронро «танҳо манёври сиёсӣ» номид.

Ҳукумати Яман ва ҳампаймони аслиаш Арабистони Саъудӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки барои ба даст овардани бартарӣ дар минтақа ба умури дохилии Яман мудохила мекунад. Вале Эрон ин иддаоро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG