Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар рӯбарӯи “Ал-Қодсия”. Кӣ пирӯз мешавад?


Имрӯз, 15 апрел, «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Ал-Қодсия»-и Кувайт бозӣ мекунад.

Дастаи футболи «Истиқлол», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар даври чоруми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи “С”, шоми имрӯз, 15 апрел, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо бошгоҳи «Ал-Қодсия», қаҳрамони бисёркаратаи Кувайт ва барандаи феълии Ҷоми AFC, вориди рақобат мешавад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ, ки пеш аз ин бозӣ, рӯзи 14-уми апрел, дар толори меҳмонхонаи “Шератон”-и Душанбе баргузор шуд, Рашид Ал-Бедайҳ, сармураббии «Ал-Қодсия», ба хабарнигорон гуфт, “мо бозии вазнинро интизорем. “Истиқлол” дар бозии гузашта бо мо дар Кувайт муқобилияти сахт карда, маҳорати хуб нишон дод ва бозиро мусовӣ намуд. Ва ман гумон намекунам, ки фардо ба мо осон мешавад, баръакс, бозӣ дучанд мушкил мешавад, зеро ки “Истиқлол” дар хонаи худ бозӣ мекунад. Дастаи мо феълан бо вазъияти мушкил рӯбарӯст. Мо дар Ҷоми AFC на он қадар бозии хуб нишон медиҳем, чуноне ки соли гузашта бозӣ мекардем. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Кувайт бошад, ҳоло мо дар мақоми севум қарор дорем. То анҷоми мавсим якчанд давр мондааст. Умедворам, ки мо аз ин чоҳ, аз вазъи ногувор мебароем”.

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», дар ин нишаст чунин иброз дошт: “Рақибамон хеле ҷиддист. “Ал-Қодсия” яке аз дастаҳои пурқуввати футболи Осиё мебошад. Ва фикр мекунам, ки бозӣ фардо хеле шавқовар мегузарад. Баъди бозӣ бо мо дар Кувайт сармураббии «Ал-Қодсия»-ро аз вазифааш барканор карданд. Онҳо ба Душанбе бо сармураббии нав омадаанд ва ҳамаи бозигарон мекӯшанд, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст оранд. Бинобар ин, бозӣ вазнин мешавад. Умедворам, ки мухлисони мо ба Варзишгоҳи марказӣ омада, “Истиқлол”-ро, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, дастгирӣ менамоянд”.

Ёдовар мешавем, бозии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “С” байни “Ал-Қодсия” ва “Истиқлол”, ки 18-уми март дар Кувайт барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфта буд. Мизбонон ҳисобро дар дақиқаи 3-юм боз карданд. Тӯбро Бадр Ал-Мутава аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 36-ум ҳисобро баробар намуд. Дилшод Восиев голи дувуми “Истиқлол”-ро дар дақиқаи 45+1 зад. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 54-ум, Бадр Ал-Мутава ҳисобро баробар кард.

Ҳоло дар гурӯҳи “С” тими “Ал-Қодсия” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Аҳал”-и Туркманистон ва “Эрбил”-и Ироқ бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Бояд тазаккур дод, "Ал-Қодсия" дар Ҷоми AFC се бор бо бошгоҳҳои футболи тоҷик рақобат кардааст. Дар мавсими соли 2013 кувайтиҳо дар сабқати гурӯҳӣ бар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ду бор бо ҳисобҳои 3:0 ва 3:1пирӯз шуда буданд. Аз 6 голи ба дарвозаи “Равшан” задашуда 4-тоаш ба Бадр Ал-Мутава мутааллиқ аст.

Ба ҷуз бозии «Истиқлол» – «Ал-Қодсия», инчунин дар даври чоруми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 15-уми апрел дастаҳои «Эрбил» (Ироқ) ва «Аҳал» (Туркманистон) бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) - 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) -2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG