Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти "чаҳоргонаи Нормандия" поён ёфт


Вазирони умури хориҷии кишварҳои “чаҳоргонаи Нормандия” - Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дар музокирот дар Берлин пуштибонияшон аз иҷрои созишномаи Минскро таъкид намуда, дар мавриди баррасии мавзӯи аз хатти ҷабҳа берун кашидани тонкҳо ва тӯпхонаи андозаи милаш мамтар аз 100 мм. тавофуқ карданд.

Франк-Валтер Штайнмайер, вазири умури хориҷии Олмон, рӯзи 14 апрел, баъд аз анҷоми нишаст гуфт, "ҳама медонанд, ки моро роҳи тӯлоние дар пеш аст ва ҳама корро мекунем то ҳаракатро сӯи пеш идома диҳем”. Ӯ тайид кард, ки музокирот, бино ба ихтилофи назар миёни мақомоти Украина ва Русия, душвор буд ва баррасиҳо гоҳо ба ҷанҷол ҳам табдил мешуданд.

Вазирони умури хориҷӣ қайд карданд, ки авзоъ дар Донбасс бар асари аз сӯи ҷонибҳо халалдор шудани режими оташбас ноором боқӣ мемонад. Онҳо тасмим гирифтанд, ки ба хотири мусоидат ба ҳалли бӯҳрон чаҳор гурӯҳи корӣ – оид ба амният, оид ба раванди сиёсӣ, оид ба масоили башарӣ, ва оид ба масоили иқтисодиву эҳё таъсис кунанд.

Рӯзи сешанбе хабаргузориҳо дар бораи даргириҳо миёни ҷудоихоҳони рустабор ва нерӯҳои ҳукуматии Украина дар канори Мариупол иттилоъ доданд.

XS
SM
MD
LG