Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлидоти 100 ширкат дар "Баҳор-2015"


Дар намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии “Баҳор-2015” дар толори Кохи Борбад, тавлидоти беш аз 100 ширкати хориҷӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Хабарнигори радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории намоишгоҳ иттилоъ медиҳад, “бештар аз 100 ширкати тиҷоративу саноатӣ аз Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Украина, Белорус, Иморот, Чин, Лаҳистон, Булғористон, Эрон, Фаронса, Олмон, Афғонистон, Туркия, Тоҷикистон ва ғайра тавлидоти худро ба намоишгоҳ гузоштаанд.”

Ба иттилои хабарнигори Озодӣ, намоишгоҳ ба ибтикори палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии он созмон ёфтта, муддати чор рӯз идома мекунад, ки сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд аз субҳ то шом аз ин намоишгоҳ боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти сохтмониву пардозгарӣ, энергетикӣ,саноати маъдан, ғизо ва нӯшокӣ, кишоварзӣ ва хоҷагидорию чорводорӣ на танҳо ба намоиш, балки ба фурӯш гузошта шудааст. Ҳамзамон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ширкатҳои саноативу тиҷоратӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода низ тавлидоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG