Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо се чоҳи нафтро дар Ироқ аз даст доданд


Гурӯҳҳои “Давлати Исломӣ” се чоҳи нафро аз даст додаанд ва чунин вазъ гурӯҳи тундравро аз сарчашмаи даромади асосӣ маҳрум мекунад. Рӯзномаи олмонии “Зюдойче Зейтунг” дар шумораи 9 апрели худ навиштааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳафтаҳои ахир Бағдод аз чаҳор чоҳи аслии нафт сетоашро аз гурӯҳҳои тундрав гирифтааст ва дубора дар ихтиёри худ даровардааст.

Ин рӯзномаи олмонӣ, ки дар Муних ба чоп мерасад, навиштааст, ки нируҳои “Давлати Исломӣ” аз сарчашмаҳои нафтие, ки дар гузашта дар ихтиёр доштанд, ҳоло танҳо 5 дарсадаш ба онҳо тааллуқ дорад.

Дар гузориш омадааст, ки гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пеш аз ҳамлаҳои муттақобили нируҳои Ироқ назорат бар чоҳҳои Ҳирмин, ва Аҷилро аз даст дод. Вале чоҳи Қайара то ҳол дар дасти тундравҳост ва он дар як рӯз то 2 ҳазор бушка нафт содир мекунад.

XS
SM
MD
LG