Дар чанд ҷумла
Дар ду ҳамла 6 сарбози украинӣ кушта шуд
5 апрел мошини сарбозони нируҳои Украина дар шарқи кишвар мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва 4 сарбоз кушта шуд. Вазорати корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ин мошин ҳангоме мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ки аз болои пули минтақаи Счастие мегузаштааст. Ин минтақа дар 170 километрии шаҳри Донетск дар контроли нируҳои ҳукуматӣ қарор дорад. Дар шаҳраки Широкине низ дар бархӯрд ба мина як мошин осеб дид ва ду нафари дигар ба қатл расиданд.
Вазорати дохила нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русияро дар ин ҳодиса муттаҳам кардааст, вале манобеи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд. Дар гузоришҳои аввалия гуфта мешуд, ки “ҷудоихоҳон аз аслиҳаи зиддитанк истифода бурдаанд”.
Ин куштор риояти созишномаи оташбаси Минскро ба хатар андохтааст. Моҳи феврал бо миёнҷигарии раҳбарони Украинаву Русия ваОлмону Фаронса дар Минск ин созишнома ба имзо расида буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Русияву Украина асирони ҷангиашонро иваз карданд
Мақомоти Русия ва Украина рӯзи 23-уми октябр аз табодули 270 асири ҷангӣ хабар доданд.
Вазорати дифои Русия гуфт, ки асирони раҳошудаи кишвар дар хоки ҷумҳурии Беларус қарор доранд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, аксарияти 270 сарбози украинӣ аз соли 2022 дар асорати нерӯҳои Русия будаанд.
Дар байни онон 5 сарбозе ҳам будаанд, ки артиши Украина гумон мекард, дар ҳамлаи Русия ба маҳаллаи Еленовка дар тобистони соли 2022 кушта шудаанд.
Масъулони тарҳи «Хочу найти», ки ба ҷустӯҷуи сарбозони бенишон машғул ҳастанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз соли 2025 то кунун бори аввал аст, он асиронеро ҳам иваз кардаанд, ки аз манотиқи ишғолии вилоятҳои Донетск ва Луҳанск ба хидмат ҷалб шудаанд.
Як рӯз пештар аз ин ҷонибҳо ҷасади низомиёни ҳалокшударо низ аваз карданд. Русия ба Украина 252 ҷасад дода, дар иваз ҷасади 25 сарбози худро бозпас гирифтааст.
Интиқоли сӯзишворӣ аз Русия ба Амрико шуруъ шудааст
Нахустини киштии ҳомили сӯзишворӣ аз Русия ба сӯйи Амрико ҳаракат кардааст.
Нашрияи "Важние истории" навишт, интизор меравад, киштӣ бо тақрибан 36 ҳазор тонна дизел рӯзи 7-уми ноябр ба Иёлоти Муттаҳида бирасад.
Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки нафткашро як ширкати мутааллиқ ба миллиардери юнонӣ, Танасис Мартинос, идора мекунад.
Дар аввали моҳи октябр маълум шуд, ки раҳбарони Амрико ва Русия дар бораи содироти сӯзишвории дизелии Русия ба Иёлоти Муттаҳида ва бозорҳои ҷаҳонӣ ба созиш расидаанд.
Ба гуфтаи президент Доналд Трамп, Русия аввал 300 ҳазор тонна сӯзишворӣ содир карда, сипас дар моҳи ноябр 500 ҳазор тонна ва баъдан як миллион тоннаи дигарро ба бозор хоҳад баровард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ин тасмими Амрикоро танқид кард.
Ӯ гуфт, коҳиши фишори таҳримҳо ба Русия имкон медиҳад, ки ба ҷанг идома диҳад.
Ҳуҷуму боздошт ва даъват ба артиш. Амалиёти "Нелегал 2026" дар Русия
Дар нимаи аввали моҳи октябр дар Русия амалиёти бо номи "Нелегал 2026" барпо шуд, ки ба қавли мақомот, ҳадафаш пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад.
Шадидтарин бахши амалиёт дар вилояти Маскав ҷараён гирифт ва танҳо аз 1 то 10-уми октябр дар ин ҷо 16 ҳазор санади маъмурӣ тартиб дода, шашуним ҳазор касро ба ихроҷ маҳкум кардаанд. Ҳаждаҳуним ҳазор нафари дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд. Ҷамъи ҷаримаҳо 255 миллион рублро ташкил дод.
Айни чунин рейдҳо дар вилояти Свердловск гузашт. Дар минтақаи Старополйе дар давоми даҳ рӯз 900 муассисаро тафтиш кардаанд. Дар Нижний Новгород полис ҳатто ба хонаву хобгоҳҳои муҳоҷирон рафт.
Дар рейдҳои Санкт-Петербург кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳам иштирок карда, дар қайди ҳарбӣ будани соҳибони шиносномаҳои русиро тафтиш мекарданд.
Соли ҷорӣ бори дуюм аст, ки амалиёти "Нелегал" барпо мешавад. Пеш аз ин чунин тафтишҳои сартосарӣ дар фасли тобистон баргузор шуда буд. Он вақт Вазорати корҳои дохилии Русия аз ихроҷи чордаҳуним ҳазор хориҷӣ хабар дод.
Мақомоти Русия мегӯянд, ин мубориза бо кори ғайриқонунӣ буда, ҷойҳои холишударо бо сокинони маҳаллӣ пур мекунанд. Вале кордиҳандагон бо мушкили ҷалби коргарони нав дучор мешаванд.
Аз 1-уми январи соли 2027 қоидаҳои кору зиндагии хориҷиҳо дар Русия боз ҳам сахттар мешаванд. Ин сабаби коҳиши муҳоҷирон дар Русия мегардад.
Сипоҳ иддао кардааст, ки ба чанд киштӣ дар Ҳурмуз зарба зад
Ҳамзамон бо нашри гузоришҳо дар бораи омодагии Исроилу Амрико барои ҳамлаҳои нав ба Эрон, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аз ҳамла ба чанд киштӣ дар тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.
Ба гузориши Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, Сипоҳи Посдорон 22-юми октябр дар баёнияе гуфтааст, шаби гузашта чаҳор киштиро ҳангоми интиқоли нафт ҳадаф қарор дод.
Сипоҳ ҳамчунин иддао карда, ки се киштии дигар ба минаҳои баҳрӣ задаанд.
Ҳанӯз тасдиқи мустақиле дар мавриди вазъияти ин ҳафт киштӣ нест.
То оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон дар моҳи феврали имсол, беш аз 20 дарсади нафт ва гази ҷаҳон аз тангии Ҳурмуз мегузашт.
Пас аз он, Эрон гуфт, ин роҳи муҳими обиро бастаасту киштиҳоро интихоб иҷозаи гузаштан медиҳад, вале Амрико мегӯяд, онро зери назорат дорад.
Масҷидҳоро дар Қирғизистон ба ихтиёри муфтиёт медиҳанд
Масҷидҳоро дар Қирғизистон ба ихтиёри муфтиёт ё Идораи мусулмонони ин кишвар медиҳанд.
Ҳоло дар ин давлати ҳамсояи Тоҷикистон 4470 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ ҳаст, аммо баъзе аз онҳо иҷозаи истифодаи замин ва сохтмонро надоштаанд.
Раванди санҷиш ва ба ихтиёри Идораи мусулмонон додани масҷидҳо дар Қирғизистон бояд то 1-уми феврали соли 2027 поён ёбад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми октябр аз қавли мақомот навишт, ин кор мутобиқ кардани вазъи соҳа ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аст.
Қонуни нав моҳи феврали соли 2025 ба иҷро даромад.
Тибқи он бунёди иншооти динӣ бояд бо мақомот ҳамоҳанг шуда, шумораи масҷидҳоро Девони вазирон муайян мекунад.
Аз ин ба баъд Идораи мусулмонони Қирғизистон дар ҳамоҳанг кардани сохтмони масҷиду мадрасаҳо ва таъйини роҳбарони онҳо нақш хоҳад дошт.
Идораи мусулмонон дар Қирғизистон расман як созмони мустақили иҷтимоии динист, аммо амалан ниҳодҳои давлатӣ кори онро зери назорат доранд.
Русия 260 ҳазор хориҷиро ба қаламраваш роҳ надодааст
Мақомоти Русия эълон карданд, ки аз аввали сол то моҳи август 260 ҳазор хориҷиро ба кишвари худ роҳ надодаанд. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии Русия бозпас фиристода шудаанд.
Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия, рӯзи 22-юми октябр дар як баёнияи расмӣ дар Телеграм гуфт, аксаран онҳое вориди Русия шуда натавонистанд, ки аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шудаанд.
Ӯ афзуд: “Сабабҳои асосии рад шудани ҳаққи вуруд ба Русия ихроҷи маъмурӣ, депортатсия, риоя накардани муҳлати иқомати қаблӣ, пешниҳоди маълумоти дурӯғ ё санадҳои сохта, ҷавобгариҳои маъмурии пешина ва пардохт нашудани андоз ё ҷаримаҳо дар замони иқомати пешина аст."
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ дар гузашта гуфтаанд, ки бори аввал ба Русия сафар мекарданд ва ба қонуншикание роҳ надодаанд, вале аз марз пас гардонда шуданд.
Бар пояи изҳороти расмӣ, шумораи онҳое, ки дар ҳашт моҳи гузашта ба Русия ворид шуда натавонистанд, назар ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 76 дар сад бештар будааст.
Дар давоми имсол чандин хабару видео аз муҳоҷирони тоҷик ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки онҳоро аз фурудгоҳҳои Русия баргардондаанд ё дар гузаргоҳҳои марзии Қазоқистону Русия дурудароз нигаҳ дошта ва сипас гуфтаанд, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд. Аз ин кишвар дар ду соли гузашта на камтар аз 70 000 шаҳрванди Тоҷикистонро берун рондаанд. Мақомоти давлатии Тоҷикистон низ ин хабарҳоро тасдиқ кардаанд.
Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, дар ду соли гузашта бо қабули зиёда аз 30 қонун ва тағйиру иловаҳо вуруд ва кору истиқомати муҳоҷиронро сахттар кард.
Даҳҳо ҳазор нафар низ аз сафар ба ин кишвар даст кашиданд. Бино бар омори охирини ҳукумати Тоҷикистон, соли 2025 андаке бештар аз 700 000 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан 100 ҳазор нафар камтар будааст.
Озодии як шаҳрванди Амрико аз зиндони Русия
Стивен Ҳаббарди 74-сола аз аёлати Мичигани Амрико рӯзи 21-уми октябр аз зиндоне дар Русия озод шудааст.
Додгоҳи шаҳри Маскав ӯро соли 2024 ба зархаридӣ ба фоидаи Украина гунаҳкор дониста, шаш солу даҳ моҳ аз озодӣ маҳрум намуд, аммо хонаводааш бепоя донистанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи чоршанбе дар музокирот бо Стив Виткофф, намояндаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп озодии Ҳаббардро эълом кард.
Дертар Трамп низ озодии Ҳаббардро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ ба зудӣ ба аъзои хонаводааш мепайвандад.
“Ба ватан хуш омадӣ, Стивен. Бисёр хушҳолам, ки ту боз бо мо ҳастӣ,” – навишт раисҷумҳури Амрико дар шабакаи “Truth Social”.
Оҷонси давлатии “Интерфакс”-и Русия навишт, Путин дар мулоқот бо Виткофф аз ӯ хостааст, натиҷаҳои музокироти Норвегияро дар мавриди поён додан ба ҷанги Маскав дар Украина ошкор кунад.
Виткофф як рӯз пеш бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Осло, пойтахти Норвегия гуфтугӯ дошт.
Зеленский рӯзи чоршанбе дар як изҳорот гуфт, Киев омода аст, даргириро бо Русия дар дарозои хати ҳозираи ҷабҳа боздорад ва музокироти дипломатиро барои поён додан ба даргириҳо оғоз кунад. Ӯ дар айни замон вогузории минтақаи Донбассро ба Русия рад кард.
Муфтии Тоҷикистон аз сарбозон хостааст, ҳамдигарро озор надиҳанд
Дар ҳоле ки даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон идома дорад ва як сабаби худдории онҳо аз хидмат латукӯбу шиканҷа дар баъзе аз қисмҳои ҳарбӣ гуфта мешавад, раиси Шӯрои уламо сарбозонро ба ҳимоят аз якдигар даъват кардааст.
Изҳороти камсобиқаи Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 20-уми октябр ҳангоми мулоқот бо сарбозони як маркази Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар Душанбе садо додааст.
Муфтӣ гуфтааст, “на ин ки озор бидиҳед, баръакс, дасти ҳамдигар бигиред.”
Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо нашри навор гуфт, Абдулқодирзода ба сарбозон тавсия додааст, ки “интизом, эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамидаро” риоя кунанд.
Ҳарчанд дар навор ошкоро вожаҳое ба мисли меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” ва хушунат дар артиш баён нашудааст, ба назар мерасад, ҳадафи насиҳатҳои муфтии Тоҷикистон ҳамин мушкил аст.
Шикоят аз бадрафторӣ дар миёни низомиён дар артиши Тоҷикистон, ки гоҳе бо марги сарбозон меанҷомад, як масъалаи ҷиддии артиш дониста мешавад.
Бино ба гузориши созмони иҷтимоии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ва Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, агар дар солҳои 2014-2016 дар умум 59 мавриди шиканҷаи сарбозон сабт шуда, 11 нафар ҷон бохтаанд, соли 2025 аз тақрибан ҳафтод мавриди шикоят аз меҳтарсолорӣ хабар дода шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ ба Созмони Милали Муттаҳид аз зиёда сад мавриди марги низомиён дар солҳои 2019-2021 хабар дода буд.
Вокуниши донишгоҳ ва шарҳи ҳуқуқдон ба ронда шудани 5 донишҷӯ
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон хабари Радиои Озодиро дар бораи ихроҷи панҷ донишҷӯяш барои сарпечӣ аз ширкат дар раҳпаймоҳои ҷашнӣ тасдиқ кард, аммо гуфт, ба се рондашуда баъди эътирофи камбудӣ иҷоза додааст, ба таҳсил баргарданд.
Дар баёнияи донишгоҳ, ки 20-уми октябр дар Фейсбук нашр шуд, омадааст, “дар ҳақиқат, панҷ донишҷӯ бо сабаби риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумла иштирок накардан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, аз сафи донишҷӯён хориҷ гардида буданд.”
Баъди ин, ба гуфтаи раҳбарияти донишгоҳ, “бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён ва фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи таҳсили онҳо”, се нафар ба сафи донишҷӯён барқарор карда шуданд.
Рӯзе пештар аз ин баёния, Радиои Озодӣ бо такя ба фармони раҳбарияти донишгоҳ гузориш дод, ки панҷ донишҷӯро барои иштирок накардан дар роҳпаймоӣ ё маршировкаи бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар тобистону тирамоҳи имсол аз донишгоҳ хориҷ кардаанд.
Ҷашни мазкур рӯзи 9-уми сентябр сурат гирифт. Вазорати маориф гуфта буд, ки ширкат дар чунин маросим маҷбурӣ нест. Хуршед Мавлонов, сухангӯи вазорат, рӯзи 20-уми октябр бори дигар тасдиқ кард, ки ширкати донишҷӯён дар раҳпаймоӣ ихтиёрист.
Ҳуқуқшиноси тоҷик Бахтиёр Насруллоев дар шарҳи кӯтоҳе ба Радиои Озодӣ гуфт: "Агар донишҷӯ дар дарсҳо мунтазам иштирок накунад, имтиҳонҳоро супурда натавонад ва ё ба амалҳои ғайриқонунӣ ё ҷинояте даст занад, раҳбарияти донишгоҳ метавонад ӯро хориҷ кунад. Дигар чизҳо, ба мисли иштирок накардан дар корҳои ҷамъиятӣ ё маршировка, асос барои аз донишгоҳ хориҷ кардан намешавад."
Ҷалби ҳазорон нафар бавижа хонандагону донишҷӯён дар барномаи ҷашнии 35-умин солгарди истиқлол дар Душанбе сабаби танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Корбарон дар Фейсбук ва Инстаграм мегуфтанд, ки донишгоҳҳо ба ҷойи дарс додан ба донишҷӯён, онҳоро барои рақсу бозӣ мефиристанд.
Мунтақидони маршировка бовар доранд, ки чунин маъракаҳо дар Тоҷикистон аз даврони шӯравии собиқ ба мерос мондаанд ва бояд ҳарчи зудтар аз он даст кашид. Маъракаҳое, ки ба гуфтаи онҳо даврони шахспарастӣ, саркӯб ва поймоли ҳуқуқу озодиҳои бунёдии мардумро ба ёд меоваранд.
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфтааст, ихроҷи панҷ донишҷӯ “хусусияти ислоҳӣ дошта, ҳадафи асосии он ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масъулиятшиносӣ, ислоҳи камбудиҳо ва риояи талаботи тартиботи донишгоҳ буд.”
Ҳарчанд донишгоҳ гуфтааст, ки барои ширкаткунандагони раҳпаймоии идона 10 рӯз рухсатӣ дод, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, барои ин қишри донишҷӯён ҳеч гуна таътили иловагӣ эълон накардааст.
Сарбозонро дар Туркманистон ба пахтачинӣ бурдаанд
Мақомоти Туркманистон, ки пайваста ба нақзи ҳуқуқи одамон танқид мешаванд, дар вилояти Дашоғуз сарбозону афсаронро бо либоси якхелаи сиёҳ ба ҷамъоварии пахта ҷалб кардаанд.
Дар вилояти Ахал низ аз сарбозон талаб шудааст, ки барои иштироки “ихтиёрӣ” дар ҷамъоварии ҳосил ба таври хатӣ ризоят диҳанд.
Бахши туркмании Радиои Озодӣ 19-уми октябр аз қавли манбаъҳои худ навишт, “фармондеҳон мошинҳои ҳарбиро пушти дарахтон гузошта, иҷоза намедиҳанд, ки мардум ба сарбозон наздик шаванд”.
Ин манбаъ мегӯяд, низомиён вазифадор шудаанд, ки ҳар рӯз 50 кило пахта чинанд.
Баъзе аз волидон аз истифодаи сарбозон ҳамчун нерӯи кории бепул норозиянд.
Ҳар сол кормандони идораҳои давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорону пизишконро ба ҷамъоварии пахта дар Туркманистон маҷбур мекунанд.
Бо вуҷуди танқидҳои батакрор ва даъват ба ислоҳот, дар Тоҷикистон ҳам пахта асосан бо ёрии хонандагону омӯзгорон ва кормандони идораҳои давтаӣ чида мешавад.
12 миллиард доллар. Созишномаҳои нави Амрико ва Узбекистон
Ҳайатҳои Амрико ва Узбекистон рӯзи 19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд як бастаи иборат аз 54 созишномаи шарикии тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳоро дар бахши фанновариҳо имзо карданд.
Департаменти давлатии Амрико гуфт, маблағи ин созишномаҳо 12 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Созишномаҳои ҳамкорӣ навсозии бахши саноат, нақлиёт, зербунёдҳои энержӣ, коркарди маъдан, хадамоти молӣ, фанновариҳои рақамӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маорифро дар бар мегиранд.
Дар изҳорот омадааст, ки ҳамкорӣ бо ширкати GE Aerospace таъмини муҳаррик барои ҳавопаймоҳои нави ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ва ташаббусҳои вобаста аз ширкати Wabtec истеҳсоли маҳсулот барои роҳҳои оҳани маҳаллиро пешбинӣ мекунад.
Дар бахши молӣ бо ширкатҳои Franklin Templeton, Oppenheimer & Co., Citigroup ва BlackRock созишномаҳое имзо шудаанд, ки роҳи ширкатҳои узбекистониро ба бозорҳои байнулмилалӣ ҳамвор мекунад. Бо ширкатҳои ReElement Technologies, Traxys ва Trafigura кор дар бахши маъдан ва захираҳои табиӣ пешбинӣ мешавад.
Дар оянда ҳамкорӣ бо ширкатҳои Amazon Leo, GE HealthCare ва Valmont Industries эҷоди иртиботи моҳвораӣ, фанновариҳои пешрафтаи тиббӣ, афзоиши ҳосили кишоварзиро дар назар мегирад.
Департаменти давлатии ИМА гуфтааст, ин созишномаҳо робитаҳои иқтисодии миёни Амрико ва Узбекистонро тақвият хоҳанд дод.
Чин ба тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон даъват кард
Ли Сян, нахуствазири Чин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба густариши ҳамкорҳои амниятию иктишофии ду кишвар, ба қавли Пекин, барои муқобила бо тундгароӣ ва ҷудоиталабӣ даъват намуд.
Мулоқот рӯзи 19-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ли Сян, ки барои иштирок дар ҷаласаи сарвазирони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омадааст, гуфт, Чин барои ҳимояти шаҳрвандонаш “аз чораҳои бештар” кор хоҳад гирифт.
Чин муддатҳо боз мегӯяд, аз он нигарон аст, ки ҳангоми сар задани хушунатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи ғарбии Шинҷони он ки аксар сокинонаш уйғуру дигар мардуми мусулмон ҳастанд, ҳадаф қарор мегирад.
Ба навиштаи хабаргузории чинии “Синҳуа”, Ли Сян ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ду кишвар бояд ҳамкориҳои миёни ниҳодҳои ҳифзи қонун ва амният, инчунин мубодилаи иттилои иктишофиро бо ҳам тақвият бидиҳанд.
Мақомоти Чину Тоҷикистон бояд якҷоя зидди, ба гуфтаи онҳо, “се бадӣ” мубориза баранд, ки ба қавли Пекин, терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ мебошанд.
Вебсайти президенти Тоҷикистон ҳам аз мулоқоти Раҳмон ва Ли хабаре нашр кард, вале бидуни ишора ба мавзӯи ҳамкориҳои амниятӣ, навишт, ки дар ин дидор сухан аз ҳамкориҳои иқтисодӣ рафтааст.
Аз ҷумла, манбаъ навишт, ки дар дидор бо нахуствазири Чин “масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла додугирифт, ки дар моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми он ба зиёда аз 2,5 миллиард доллар расидааст, баррасӣ шуд”.
Чин дар даҳсолаҳои охир як ҳамкори бисёр муҳими иқтисодию сиёсии Тоҷикистон гардида, қарзаш аз “Эксимбонк”-и ин кишвар наздик ба 700 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тоҷикистонро барои пойбандии ҳарчи бештараш аз Чин интиқод мекунанд.
Дар чанд моҳи охир даҳ шаҳрванди Чин, ки дар наздикии марзи байни Тоҷикистону Афғонистон машғули тилокобӣ ва роҳсозӣ буданд, бо ҳамлаҳое аз қаламрави Афғонистон кушта ва захмӣ шуданд. Кори ширкатҳои чинӣ дар ин ҷо муддате боздошта шуд.
Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, зану фарзандонро аз ёд набаранд
Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ дар Русия хостааст, ки зану фарзандони худро дар кишвар аз ёд набаранд.
Ҳар сол садҳо ҳазор кас, асосан мардҳо, бо сабаби бекории афзун ва маоши кам дар Тоҷикистон, ҳамсару кӯдакони худро дар кишвар гузошта, барои корҳои мавсимӣ ё дарозмуддат ба Русия мераванд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар мулоқот бо гурӯҳе аз муҳоҷирон дар шаҳри Уфаи Русия аз онҳо хостааст, "бо ҳамсару фарзандони худ ҳамеша дар робита бошанд, дар тарбия ва роҳнамоии онҳо саҳм гузоранд ва нисбат ба оилаҳои худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд."
Шӯрои уламо дар як иттилоия дар саҳифааш дар Инстаграм гуфт, ки мулоқот рӯзи 15-уми октябр гузашт.
"Муҳоҷирони тоҷик бояд ҳамеша сарҷамъ бошанд, якдигарро дастгирӣ ва эҳтиром кунанд, дорои ахлоқи ҳамида бошанд ва аз дуои неки падару модар баҳраманд гарданд," – аз хостҳои дигари муфтии Тоҷикистон будааст.
Мақомоти Тоҷикистон омори занону фарзандонеро, ки ба далели муҳоҷирати кории мардон аз пуштибонии саробонҳои хонавода маҳрум мондаанд, ошкор накардаанд. Баъзе аз хонаводаҳо шикоят мекунанд, ки мардон ё саробонҳои оила дар муҳоҷирати корӣ ба онҳо кумаки зарурӣ намекунанд ё аслан тамос надоранд.
Бино ба омор аз сарчашмаҳои гуногун ҳудуди як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон, ки бахши умдаашон мардон ҳастанд, дар хориҷа, хусусан Русия, кор мекунанд.
Бо он ки қисме аз муҳоҷирон солҳои охир зану фарзандонашонро бо худ ба Русия мебаранд, қисми дигар асосан барои кору тиҷорат рафта, дар ним сол ё як сол як бор ба хонаҳои худ меоянд. Дар ин давра кӯдаконашон роҳгардак ё хонандаи мактаб мешаванду тифлонашон бе ҳузури онҳо ба дунё меоянд.
Як таҳқиқоти “Мемориал", созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, соли 2017 муайян карда буд, ки муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Пажӯҳиши дигар бо сарпарастии Бунёди кӯдакони Созмони Милал дар Тоҷикистон дар соли 2019 низ собит кардааст, ки зеҳни аксар фарзандони муҳоҷирон бинобар дурии волидон осеб мебинад.
Аттия Ворис, коршиноси Созмони Милал, моҳи августи имсол ва баъд аз поёни боздидаш аз Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст. Мақомот на шумораи муҳоҷирони кориро мегӯянд ва на пули фиристодаи онҳоро.
"Ба намоз омадем, аммо ҳама ҷойро бастанд." Амалиёт дар Санкт-Петербург
"Ба намозгузорӣ омадем, вале ҳама ҷойро бастанд. Тафтиш карданд, ки оё мардум дар қайди комиссариати ҳарбӣ ҳастанд ва ё иҷозаи кору иқомат доранд ё не." Ин тасвири як муҳоҷир аз амалиёти нерӯҳои вижаи Русия дар бозори Сеннойи шаҳри Санкт-Петербург ба пойгоҳи SOTAvision аст.
Амалиёт рӯзи 16-уми октябр ҳангоми адои намози ҷумъа сурат гирифтааст.
Як шоҳиди дигар ба вебсайти "Фонтанка" гуфтааст, "барои ҳозир шудан дар комиссариати ҳарбӣ даъватнома доданд."
Хабарнигори SOTAvision навиштааст, нерӯҳои ОМОН, Росгвардия, пулиси роҳ ва беш аз панҷ мошини махсуси интиқоли боздоштшудагон дар ҷойи ҳодиса буданд.
"Атрофи бозори Сеннойро муҳосира карда, роҳҳои даромаду баромадро бастанд. Мардумро пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳо якнафарӣ берун мекунанд ва баъзеҳоро бо худ мебаранд," – навиштааст расона.
Чандин муҳоҷири кории тоҷик ҳам бо гузоштани навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, маҳалли намозгузорӣ аз чаҳор тараф баста буд ва теъдоди зиёди намозгузорон мунтазири санҷиш истоданд.
Бархе нигоштаанд, ки пас аз соатҳои тӯлонӣ аз онҷо раҳо шуданд, аммо нерӯҳои пулиси Русия иддаеро бо худ бурдаанд. Теъдоди онҳо дақиқ нест.
Ба гузориши вебсайти 78.ru, нерӯҳои Русия на танҳо бозори Сенной дар Санкт-Петербург, балки фурӯшгоҳу қаҳвахонаҳо ва хобгоҳҳои воқеъ дар наздикии онро низ тафтиш кардаанд.
Тафтишу амалиёти коргарони хориҷӣ дар Русия моҳҳо боз идома дорад.
Танҳо дар марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал – 2026” дар саросари Русия, ки моҳи июни имсол анҷом ёфт, Вазорати корҳои дохилии ин кишвар 14,6 ҳазор хориҷиро ронда ё депортатсия карда, 30 ҳазори нафари дигарро аз ҳаққи вуруд маҳрум кардааст.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, қаблан дар суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, фишор ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалиёт бар иловаи боздошти муҳоҷирон, онҳоро ба имзои қарордод бо артиши Русия маҷбур мекунанд.
"Тиргон"-ро дар Тоҷикистон ҷашни расмӣ эътироф карданд
Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, иди бостонӣ ё куҳани Тиргонро, ки замони таҷлилаш ба чиллаи тобистон рост меояд ва бо номи даъвати борон низ машҳур аст, ҷашни миллӣ ва расмӣ эътироф кардаанд.
Тасмими онҳо рӯзи 12-уми октябр бо ислоҳи қонуни танзими ҷашну маросим эълон шуд.
Бино ба матни ҷаласаи порлумон, ки Радиои Озодӣ 18-уми октябр дид, Шаҳбози Аброр, вакил аз Ҳизби демократ, гуфтааст, лоиҳа ба Қонуни асосӣ мухолифат надорад ва харҷи изофиро аз буҷа талаб намекунад.
Шарҳи бештари мақомот дар бораи ҷашни Тиргон ва сабабҳои пазируфтани он дақиқ нест.
Пештар намояндагони Академия ё Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҷашни Тиргон "ба манзури ягонагии инсон ва табиат таҷлил мешавад" ва идомаи мантиқии Меҳргону Сада ва Наврӯз аст. "Кишоварзон дар фасли тобистон бо камбуди об рӯ ба рӯ мешаванд ва даъвати борон барои ҳалли ин мушкил аст," -- гуфта буд Фарҳод Раҳимӣ, раиси вақти Фарҳангистони миллии илмҳо.
Дар ҳамин ҳол, иқдоми ба ин монанд дар дини Ислом бо номи "намози истисқо" ё талаби борон вуҷуд дорад. Соли 2025 дар пайи хушксолии дароз дар намозҳои рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон ва Узбекистон аз Худо борон талаб карданд.
Чанд сол боз дар Тоҷикистон ба ҷуз аз идҳои бостонии Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ҷашнҳои дигаре чун иди каду, ангур, картошка ва асалу харбуза низ баргузор мешавад.
Мақомот баргузории чунин иду ҷашнҳоро барои рушди ин соҳаҳо муҳим мешуморанд. Мунтақидон мегӯянд, азбаски дар кишвар мушкилот зиёд аст, мақомот мехоҳанд, бо таҷлили чунин ҷашнҳо таваҷҷуҳро ба самти дигар бикашанд.
Бархеи дигар мақомотро барои, ба гуфтаи онҳо, харҷҳои беҳуда танқид мекунанд ва пешниҳод доранд, ҳукумат ба ҷойи ингуна маъракаҳо беҳтар ба аст ҷойҳои корӣ биофаранд ва вазъи зиндагии мардумро беҳбуд бахшанд.