Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 апрел рӯзи ҷаҳонии огаҳӣ аз хатари мина аст


СММ тахмин мезанад, ки дар давоми 30 соли гузашта дар ҷаҳон бештар аз як миллион нафар дар таркиши минаҳо ҷон бохтаанд. 71 дарсади онҳо ғайринизомиён ва 32 дарсад кӯдакон будаанд. Дар гузориш омадааст, ки то ҳол дар 68 кишвар 110 миллион минаҳои натаркида дар заминҳо хобонда шудааст.

Бунёди кӯдакони СММ мегӯяд, дар шарқи Украина, ки нируҳои ҳукуатӣ бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия меҷанганд, минаҳои натаркида ва соири муҳимоти низмӣ ба кӯдакон таҳдид мекунад.

Дар гузориши соли ҷорӣ, ки 30 март ба нашр расид, ЮНИСЕФ мегӯяд, ки дар минтақаҳои Донетск ва Луҳански Украина 42 кӯдакдар таркиши мина кушта шудаанд ва 109 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки аз соли 1993 то ба ҳол Амрико барои нобудии таҷҳизоти зиддунақизи ҷангӣ дар 90 кишвар беш аз 2 миллиарду 400 миллион доллар кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG