Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба натиҷаҳои созиши ҳастаӣ эътимод дорад


Барак Обама
Барак Обама

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки ба натиҷаҳои ниҳоии мувофиқатнома роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон эътимод дорад, зеро он барои лаҷом задан ба барномаҳои ҳастаии Эрон чаҳорчӯба фароҳам месозад.

Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки президент Барак Обама рӯзи панҷшанбе бо чаҳор нафар аз раҳбарони Маҷлиси Намояндагони Амрико ва Сенат гуфтугӯ ва чаҳорчӯбаи эълоншудаи созишномаи 2 апрели Лозаннаро баррасӣ кардааст.

Ин созишнома барномаҳои ҳастаии Эронро маҳдуд мекунад ва дар иваз кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои худ бар зидди Эронро аз миён мебардоранд. Созишномаи мазкур ҳамчунин роҳро барои имзои қарордоди ниҳоӣ дар 30 июн ҳамвор сохт. Обама созмшномаи Лозаннаро бо раҳбарони Баҳрайну Қатар, Кувайт ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ баррасӣ кард.

Ҳамзамон Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон дар як суханронии телевизионии худ чаҳорчӯбаи созишномаро “нахустин қадами ҳамкориҳои самарбахш бо ҷаҳон” номид.

XS
SM
MD
LG