Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pew: Шумораи мусалмонҳо афзоиш меёбад


Теъдоди мусалмонҳову насрониҳо дар ҷаҳон то соли 2070 баробар мешавад, баъд аз соли 2100 бошад мусалмонҳо бахши аъзами сокинони сайёраро ташкил хоҳанд дод.

Бино ба гузориши Маркази таҳқиқотии амрикоии Pew, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, айни ҳол теъдоди пайравони дини насронӣ бештар аст ва пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 шумораи онҳо 35 дар сад афзоиш ёфта, ба 2 миллиарду 920 миллион нафар мерасад. Аммо дар ин муддат шумораи пайравони дини ислом 73 дар сад боло рафта, ба 2 миллиарду 760 миллион нафар хоҳад расид. То соли 2050 мусалмонҳо 10 дар сади аҳолии Аврупоро ташкил хоҳанд дод.

Маркази таҳқиқотии амрикоии Pew ҳамчунин пешгӯӣ кардааст, ки тайи 35 соли оянда шумораи атеистҳо ё даҳриҳо коҳиш меёбад, вале афзоиши теъдоди онҳо дар Амрико, Фаронса ва чанд кишвари дигар аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG