Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши ИМА аз бастани расонаҳои тотории Қрим


Марӣ Ҳарф
Марӣ Ҳарф

ИМА баста шудани чанд расонаи тоторҳои Қрим, аз ҷумла, охирин телевизиони мустақили ATR аз сӯи мақомоти Русияро маҳкум кард ва даъват намуд, ки фаъолияти ҳамаи ин расонаҳо эҳё карда шавад.

Дар изҳороти намояндаи дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии ИМА Марӣ Ҳарф гуфта шудааст, ки бастани расонаҳо – гоми навбатӣ дар роҳи нақзи озодии баён дар нимҷазираи Қрим аст. Бино ба ин изҳорот, тайи як соли ахир тоторҳои Қрим, ки алайҳи замима шудани нимҷазира аз сӯи Русия садо баланд карданд, мавриди таҳқиру таъқиб ва тарсдиҳӣ қарор гирифтанд, манзилҳои онҳо, дафтарҳои ниҳодҳои сиёсӣ ва масҷидҳо кофтукоб шуданд.«Қрим як бахши ҷудонашавандаи Украина аст ва ИМА чун пештара аз истиқлолу якпорчагии Украина пуштибонӣ мекунад», омадааст дар изҳороти хонум Ҳарф.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки шабакаи телевизионии ATR рӯзи 1 апрел, баъди талоши номуваффақи чун расонаи русӣ сабти ном шудан, пахши барномаҳояшро қатъ кард. Ҳамроҳ бо ин шабака радиои «Майдон» ва шабакаи телевизионии кӯдаконаи «Лола» ҳам аз фаъолият бозмонданд.

XS
SM
MD
LG