Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури ҳукми қатл дар ҷаҳон афзудааст


Созмони Авфи Байналмилал гуфт, соли 2014 ҳукми қатл дар саросари ҷаҳон башиддат зиёд шудааст ва ҳукуматҳо ин ҷазоро ба ҳайси “як талоши ноқис” барои мубориза ба ҷинояткорӣ, терроризм ва таъмини суботи дохилӣ ба кор бурдаанд. Афви Байналмилал, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 1-уми апрел бо нашри гузорише гуфт, соли 2014 дар 55 кишвари ҷаҳон 2466 мавриди судури ҳукми қатлро сабт кардааст, ки 25 дар сад назар ба соли гузашта зиёд аст. Соли 2013 дар Авфи Байналмилал дар 57 кишвари ҷаҳон 1925 мавриди ҳукми қатлро сабт кардааст. Айни замон ба гуфтаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ, иҷрои ҳукми дар соли 2014-ум 22 дар сад кам шудааст. Ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал, 90 дар сади ҳукми қатлҳое, ки дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо иҷро шудаанд, ба Эрону Арабистони Саудӣ ва Ироқ рост меояд. Дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ва Аврупо танҳо Ҷумҳурии Белорус мондааст, ки ҳукми қатлро аз байн набурда ва ё иҷрои онро манъ накардааст. Соли 2014 дар Белорус 3 нафарро ба қатл маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи Афви Байналмилал, аксарияти ин ҳукмҳо дар мурофиаҳое содир шудаанд, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ набуданд.

XS
SM
MD
LG