Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Оғохони IV ва президенти Қирғизистон


Дидори раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев (аз чап) ва Шоҳзода Оғохони Чаҳорум дар Бруссел, 30 марти соли 2015
Дидори раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев (аз чап) ва Шоҳзода Оғохони Чаҳорум дар Бруссел, 30 марти соли 2015

Шоҳзодаи исмоилиёни ҷаҳон Оғохони Чаҳорум рӯзи 30 март дар Бруссел бо раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев идомаи ҳамкориҳоим дуҷонибаро баррасӣ кард. Пешвои исмоилиҳо соли 1967 Бунёди Оғохонро таъсис дод ва аз соли 1983 ба ин сӯ - муассис ва раиси Донишгоҳи Оғохони Покистон низ аст. Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Шоҳзода Карим Оғохон 4 чанд бор аз Бадахшони Тоҷикистон, ки он ҷо асосан исмоилиҳо ба сар мебаранд, дидан карда, ба ин минтақа пайваста кӯмаки башарӣ интиқол медиҳад. Бунёди ӯ дар Қирғизистон низ тарҳҳои зиёд дорад ва аз ҷумла дар ин ҷо як Донишгоҳи байнулмилалӣ таъсис додааст.

XS
SM
MD
LG