Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИУ: Ислом Каримов дар интихобот пирӯз шуд


Комиссиюни марказии интихоботии Узбакистон рӯзи 30 март аз пирӯзии раисиҷумҳури феълӣ Ислом Каримов дар интихоботи президентӣ хабар дод. Ба гуфтаи раиси комиссиюн Мирзоулуғбек Абдусаломов, бар пояи иттилои пешакӣ, аз номзадии Ислом Каримов 17,2 миллион нафар ё 90,4 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Аз ин пеш масъулини Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар як изҳорот гуфтанд, ки дар интихоботи президентии Узбакистон Ислом Каримов рақиби воқеъӣ надошт ва дар ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ камбудиҳои зиёди қонунӣ ва ташкилӣ ба чашм расиданд. Арзёбии пешакии Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА 30 март, як рӯз баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, нашр шуд.

Раҳбари ҳайати нозирон Тана де Зулуета дар як изҳорот гуфт, ки Ислом Каримов дар сабқат назар ба дигар номзадҳо, аз ҷумла, дар тарғибот аз тариқи расонаҳо бартариҳо дошт, ҳарчанд қонун дастрасии баробари номзадҳо ба матбуотро муқарар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Комиссиюни марказии интихоботи Узбакистон Ислом Каримовро дар ҳоле сабти ном кард, ки бар пояи Қонуни асосӣ як нафар фақат ду дафъа метавонад паиҳам раисиҷумҳур интихоб шавад.

Ислом Каримов бори чаҳорум аст, ки ба мӯҳлати панҷсолӣ раисиҷумҳури Узбакистон интихоб мешавад. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 29 март баргузор шуд, бар пояи иттилои расмӣ, беш аз 91 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG