Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз давлати Эрон хостанд, барои расидан ба тавофуқномаи атомӣ қарорҳои заруриро қабул кунад. Раҳбарони ин ду кишвар рӯзи 27-уми март доир ба ин масъала телефонӣ сӯҳбат кардаанд ва дар ҳоле, ки музокироти 6 қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомиаш дар Швейтсария идома меёбад. Тарафҳо қасд доранд, то охири моҳи март чаҳорчӯби созишномаи атомиро омода кунанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф аз ҳоло дар шаҳри Лазаннеи Швейтсария қарор доранд. Рӯзи 27-уми март Муҳаммадҷавод Зариф дар ҳошияи ин нишаст гуфт, тарафҳо ба созиш наздик нашудаанд ва “тарафи дигар бояд аз байни фишор ва тавофуқи сиёсӣ якеро интихоб кунад.” Як мақоми ғарбии наздик ба музокирот ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки “масъалаи сентрифугаҳо ва ғанисозии ураниум дар умум, мушкилтарин масъалаи ҳалношуда дар музокирот боқӣ мондааст.” Як мақоми расмии Амрико гуфтааст, ки намояндагони 5 кишвари дигари дахил дар музокирот Олмону Чину Русия ва Бритониёву Фаронса рӯзҳои наздик вориди Швейтсария мешаванд.