Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 полиси покистонӣ дар ду ҳамла


Мақомоти Покистон рӯзи 27 март дар бораи ҳалокати ҳафт афсари полис бар асари ду ҳамлаи ҷудогонаи “Толибон” хабар доданд. Ба асари таркиши бомб дар шаҳри бандарии Карочӣ ду корманди полис кушта ва 14 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи як мақоми маҳаллӣ, бомби дар мотосикл ҷойгузоришуда дар ҳоле таркид, ки автобус бо кормандони полис ба назди бинои Академияи таълимӣ расид.

Аз ин пеш дар як ҳамла ба мошини полис дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар, панҷ афсари полис ба ҳалокат расиданд ва як нафари дигар ҷароҳат бардошт.

Масъулияти ҳарду ҳамларо гурӯҳи Таҳрики Толибон бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG