Боронҳои зиёд ва об шудани барф сабаби ҷорӣ шудани селобҳои шадид дар минтақаи биёбонии Карағандаи Қазоқистон шудааст. 26 март Раёсати корҳои фавқулоддаи ин минтақа гуфт, даҳҳо нафар сокинони биноҳои сетабақа ва панҷтабақа аз шаҳраки Қаражол ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд, зеро ин биноҳо осеб дидаанд ва роҳҳову кӯчаҳоро об зер кардааст.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки дар шаҳраки Атасу низ ба биноҳои иқоматӣ ва роҳҳо хатар таҳдид мекунад. Гурӯҳҳои наҷот сокинон ва ҳайвоноти хонагиро аз рустоҳои Буркутту, Қаракол, Матақ ва Аубакиров ба ҷои дигар кӯч медиҳанд.
Селоб ҳамчунин ба шаҳраки Ағадир ва ба обу корези он, ба роҳҳои автомобилгард зарар расондааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш дода нашудааст.