Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Коломойский аз мақом барканор шуд


Игор Коломойский
Игор Коломойский

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко истеъфои Игор Коломойский аз мақоми волии вилояти Днепропетровскро пазируфт. Фармони раисҷумҳур рӯзи сешанбе, 24 март, баъд аз мулоқоти Порошенко бо Коломойский имзо шуд. Сарвари давлат Валентин Резниченкоро муваққатан волии Днепропетровск тайин кард.

Игор Коломойский, бунёдгузори гурӯҳи саноативу молиявии “Приват” 2 марти соли 2014, чанд рӯз баъд аз барканории раисиҷумҳури пешин Виктор Янукович курсии волии Днепропетровскро соҳиб шуда буд. Замони раҳбарии ӯ дар Днепропетровск баталёнҳои “Днепр” ва “Донбасс” ташкил шуданд, ки дар набардҳо алайҳи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ширкат доштанд.

Муносибати байни Коломойский ва ҳукумати Киев ҳафтаи гузашта баъд аз он сард шуд, ки волии Днепропетровск дар иҳотаи афроди мусаллаҳ шахсан ба дафтари ширкати “Укртранснафт” ҳозир шуд, то ки аз мақоми зердасташ Александр Лазорко дар раёсати ин ширкат дифоъ кунад. Рӯзи якшанбе, 22 март, Коломойский ба дафтари дигар ширкати “Укрнафт” омад, ки бештари саҳмияҳояш ба ӯ тааллуқ доранд. Гурӯҳи мусаллаҳи таҳти фармони Коломойский ширкатро таҳти назорат гирифт.

Аз ин пештар Верховная Рада бо тағйирот ба қонун нуфузи Коломойский дар “Укрнафт”-ро маҳдуд кард. Раҳбари Хадаомти амниятии Украина Валентин Наливайченко талаб кард, ки Коломойский барои ишғоли бинои “Укрнафт” ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Горди миллии Украина ба хотири ҷилавгирӣ аз нооромиҳо дар Днепропетровск баъд аз истеъфои Коломойский нерӯҳои иловагии худро ба ин вилоят интиқол медиҳад.

XS
SM
MD
LG