Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик бо 70 кило ҳероин дар Маскав


Кормандони Хадамоти федеролии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки бо мошин 70 кило ҳероин интиқол медод.

Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ниҳоди мазкур дар Маскавба матбуот хабар додааст. Кормандони Хадамоти федеролии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия қаблан аз омадани як узви гурӯҳи қочоқгар аз Душанбе ба Маскав хабар ёфтаанд. Вай бояд аз ҷои таиншуда ин миқдор маводро мегирифт ва дар халтаҳо барои фурӯш дар вилояти Маскав омода мекард.

Баъд аз вуруди вай ба Маскав аз пасаш назорати шабонарӯзӣ муқаррар карданд. Вақте, ки вай савори мошини "Опел-Зафир” шудааст, мошине, ки дар он маводи мухаддир бор карда шуда буд, вайро боздошт кардаанд.

Бино ба хабари ин манбаъ, 70 килограм ҳероин дар бозори сиёсҳ 200 миллион рубл арзиш доштааст. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад.

XS
SM
MD
LG