Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, хариди гази Русияро қатъ мекунад


Володимир Демчишин
Володимир Демчишин

Володимир Демчишин-вазири энержии Украина мегӯяд, кишвараш ба нақша гирифтааст, ки аз 1 апрел хариди газ аз Русияро қатъ кунад. Дар як нишасти мухтасари матбуотӣ дар Киев, вай изҳор дошт, ки “ҳоло ҳозир” Украина ба гази Русия ниёз надорад. Вай афзуд: “Мо хариди онро бозмедорем”.

Танишҳои бардавоми миёни ин ду кишвари ҳамсоя баъд аз он шиддат гирифт, ки Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина нақшаҳри ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро рад кард ва дар иваз мехост, ки муносибатҳоро бо Русия густариш медиҳад.

Иттиҳодияи Аврупо дар харидории гази Русия миёни Киев ва Маскав барои зимистон миёнравӣ кард, вале баҳси миёни Маскав ва Киев роҷеъ ба нархи он идома дорад. Украина мегӯяд, ки нархи газро дар поёни моҳи март пардохт хоҳад кард.

Демчишин мегӯяд, ки нархи газ бояд хеле поин бурда шавад, зеро воридоти газ аз Иттиҳодияи Аврупо афзоиш ёфтааст ва Украина камтар ба гази Русия эҳтиёҷ дорад.

Ҳоло Украина барои ҳар ҳазор метри муккааб газ 329 доллар пардохт мекунад ва Русия мехоҳад, ки аз 1 апрел ин нарх 348 доллар муқаррар шавад. Аммо Демчишин мегӯяд, 240-250 доллар барои ҳар ҳазор метри муккааб нархи муносиб аст.

XS
SM
MD
LG