Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андӯҳи Э.Раҳмон аз ҳамлаи хунин дар Тунис


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҳамла ба осорхонаи "Бардо"-и Тунис, ки боиси ҳалокати беш аз 20 нафар шуд, изҳори таассуф кардааст. Дар номаи тасаллияти ҷаноби Раҳмон, ки 20 март ба Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси, раисиҷумҳури Тунис ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст, "ин ҳодисаи фоҷиабор зарурати идомаи муборизаи муташаккилу беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд".

Президент Раҳмон дар охир аз ас-Сибси хостааст, то таъзия ва тасаллияти ҷониби Тоҷикистонро ба тамоми мардуми дӯсти Тунис ва ба наздикони қурбоншудагон бирасонад. Масъулияти ҳамла ба осорхонаи Бардои Тунисро гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифтааст.

20 нафар аз 23 қурбонии ҳамла ба осорхонаи Бардо, ки рӯзи 18 март сурат гирифт, сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Австралия, Испания, Италия, Колумбия, Лаҳистон, Фаронса ва Ҷопонанд. Дар ҳамла ду сокини маҳаллӣ, аз ҷумла, як корманди пулис ҳам ба ҳалокат расидаанд. Беш аз 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG