Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидҷоновро дар Русия аз марг наҷот доданд


Аз шаҳри Ханти-Мансийски Русия ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки кормандони пулис дар ин шаҳр Саидҷонов Саид-шаҳрванди Тоҷикистонро лату кӯб кардаанд ва ва баъд аз расондани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ вай дар бемористон ҷарроҳӣ шуда, 33 рӯз дар он ҷо муолиҷа гирифтааст. Бо дархости бемористон ҳоло парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва вакили мудофеъ Эдуард Юревич аз ҳуқуқи Саидҷонов дифоъ мекунад.

Вакили мудофеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидҷоновро ба баҳонаи нодуруст будани ҳуҷҷати ронандагӣ ба шӯъбаи пулис даъват ва дар он ҷо лату кӯб кардаанд. Вай дар ҳолати беҳушӯ ба бемористон интиқол дода мешавад. Муоинаи фаврии тиббӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи лату кӯб кӯррӯдаи Саидҷонов кафидааст ва сараш ҳам осеб дидааст. Пизишкон вайро зуд ҷарроҳӣ мекунанд ва аз марг наҷот медиҳанд.

Саидҷонов баъд аз 33 рӯзи муолиҷа ҳоло аз бемористон рухсат шудааст. Бар зидди кормандони пулиси роҳ Анатолий Макаров ва Евгений Нарушев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Онҳоро барои расондани осеби ҷисмонӣ гунаҳгор медонанд.

Дар ҳамин рӯзҳо бо дастрас кардани навори видеоӣ ва аксҳо, ки роҳгузарон аз ҷараёни лату кӯб бардоштаанд, Радои Озодӣ онро бо тафсилоти бештари ҳодиса ба хонандагон пешкаш мекунад.

Саидҷонов зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст ва 4 сол дар шаҳри Ханти-Мансийск ба сар мебарад. Вакили мудофеи вай мегӯяд, ҳуҷҷати ронандагие, ки Саидҷонов доштааст, комилан дуруст аст ва бо он дар Русия ронандагӣ кардан мумкин аст.

XS
SM
MD
LG