Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён мулоқот мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 март дар остонаи ҷашни Наврӯз бо зиёиёни кишвар мулоқот хоҳад кард. Дафтари матбуоти ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин мулоқот аллакай аъзои Иттифоқи нависандагон ва доираҳои фарҳангию илмии кишвар даъват шудаанд. Зимнан, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён дар чанд соли ахир дар остонаи иди миллии Наврӯз ба ҳукми анъана даромада ва ҳар соли ин мулоқот бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мешавад. Мулоқоти соли гузаштаи раиси ҷумҳур бо зиёиён дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Бо он, ки мулоқотҳои раиси ҷумҳур дар ҷиҳати рушди фарҳангу ҳунар ва беҳтар шудани вазъи зиёиёни кишвар боаҳамият арзёбӣ мешаванд, аммо дидори Эмомалӣ Раҳмон, бо зиёиён дар остонаи Наврӯзи соли 2007 бештар хотирмон аст. Чун президент дар ин мулоқот пасвандҳои русӣ дар насабашро партофту худро Эмомалӣ Раҳмон унвон кард. Қаблан аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ном мебурданд. Аммо мулоқоти навбатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён чӣ вижагӣ ва ҷолибият хоҳад дошт ва зиёиён аз президент чӣ суолу масъалаҳои мубрами ҷомеро матраҳ хоҳанд кард, аз ҷараёни ин вохӯрӣ дар рӯзи панҷшанбе, маълум хоҳад шуд. Ҷараёни мулоқоти президент бо зиёиён шоми ҳамон рӯз аз тариқи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахш карда мешавад.

XS
SM
MD
LG