Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ эълон шуданд


Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 11 март барандагони ҷоизаи Абулқосими Лоҳӯтӣ дар миёни журналистони тоҷикро эълон кард. Барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ зимни маросиме дар толори театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили аз Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март ҷашн гирифта мешавад, эълон гардиданд.

Ба ин тартиб Нигинаи Мӯъмин, хабарнигори шабакаи телевизионии “Сафина” дар бахши телевизион, Абдуғаффор Убайдуллоев дар бахши радио, Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ дар бахши илм ва таълими журналистика ва Абдувоҳиди Зевар ва Эркин Шурук дар бахши матбуот барандагони ҷоизаи ба номи Абулқоим Лоҳӯтӣ дониста шуданд. Ҳамчунин Рухшонаи Ҳаким ва Одили Нозим, ба гирифтани ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ мушарраф гардиданд.

Зимнан, ҳар сол Иттиҳодияи журналистони барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ озмун эълон мекунад ва довталабон мақолаҳо ё маводи чопии худро барои ширкат ба озмун ба ин иттиҳодия месупоранд. Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд. Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон Рӯзи Матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. “Бухорои шариф” бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.

XS
SM
MD
LG