Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Убайдуллоев ба додситони нави Душанбе


Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз Хайрулло Саидзода -- додситони нави пойтахт хостааст, масъалаи сохтмонҳои ба гуфтаи ӯ ғайриқонуниро таҳти назорат бигирад. Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, ин мавзӯъ рӯзи 9 март дар ҷаласаи шаҳрдорӣ баррасӣ шудааст.

Ба қавли манбаъ, оқои Убайдуллоев гуфтааст, “пеш аз ҳама аз болои масъулини мақомоти зидахли назорати давлатӣ, ки бинобар хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматияшон ба бунёди сохтмонҳои ғайриқонунӣ боис мешаванд, назорати прокурорӣ пурзӯр шавад”. Дар ин ҷаласаи шаҳрдорӣ “таъмини амнияти истеъмолии шаҳрвандон, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва роҳ надодан ба ғасби замину сохтмонҳо дар ҳудуди бозорҳои коммуналию хусусӣ” низ баррасӣ шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур додааст, пеш аз ҳама фаъолияти “Бозори деҳқон” ва “Шанхай-бозор” дар Душанбе дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пштибонӣ аз соҳибкории ватанӣ таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG