Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раззоқ гуфт, ҳавопайморо пайдо мекунанд


Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Малайзия, рӯзи 8-уми март гуфт, азми кишвараш барои пайдо кардани ҳавопаймои мусофирбари MH370, ки як сол пеш нопадид шуд, собит аст ва ӯ умедвор аст, ки ҳавопайморо пайдо мекунанд. Наҷиб Раззоқ баъди он сӯҳбат кард, ки гурӯҳи мутахассисон аз кишварҳои гуногун аз ҷумла Амрикову Бритониё, Чину Фаронса ва Австралия гузориши муқаддамотӣ дар бораи сабабҳои бенишон шудани ҳавопайморо рӯзи 8-уми март нашр карданд. Бино ба ин гузориш, мӯҳлати истифодаи батареяи мавҷгире, ки аз маҳалли фалокат хабар медиҳад, як сол пеш аз вуқӯи ҳодиса тамом шудааст. Айни замон Тони Аббот, нахуствазири Австралия гуфт, қаламрави ҷустӯҷуи ҳавопаймо дар Уқёнуси Ҳинд дар сурати бенатиҷа анҷомидани ҷустуҷӯҳои феълӣ васеътар карда мешавад. Ҳавопаймои Боинг 777-и ширкати Малайзия Эйрлайнз, бо 227 мусофир ва 12 халабон, соли гузашта ҳангоми парвоз аз шаҳри Куала Лумпур ба Пекин аз радарҳо нопадид шуд ва бузургтарин муаммо дар таърихи ҳавопаймоӣ ба ҳисоб меравад. Ба эътиқоди мутахассисон, ин ҳавопаймо пеш аз суқут дар Уқёнуси Ҳинд ҳазорон километрн аз хати парвозаш дур рафтааст.

XS
SM
MD
LG