Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 7 нафар дар таркише дар Ҳилманд


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар канори пойгоҳи низомӣ дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, дасти кам ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд. Фарид Аҳмад Убайд, сухангӯи полиси Ҳилманд гуфт, ки ҳадафи маргталаб низомиёни волусволии Сангин буданд. Дар ин ҳодиса ҳафт нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Дар вилояти Ҳилманд гурӯҳҳои зиёди ҷунбиши Толибон фаъоланд. Артиши Афғонистон моҳи гузашта алайҳи Толибон дар Ҳилманд амалиёти густурдаро шурӯъ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG