Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Исроил ба Вашингтон рафт


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо ҳадафи пешниҳоди далелҳояш зидди созиши атомӣ бо Эрон ба Вашингтон ворид шуд. Бенямин Нетаняҳуро вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба Амрико даъват кардаанд ва қарор аст, ӯ рӯзи 3-уми март дар ҳарду палатаи Конгресси Иёлоти Муттаҳида суханронӣ кунад. Бе машварат бо ҳукумати Амрико даъват кардани Нетаняҳу ба Вашингтон хашми ҳукумати Барак Обамаро барангехт. Нахуствазири Исроил мухолифи созиши эҳтимолии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба шумули Амрико аст. Ба иддаои Нетаняҳу, созиш бо Эрон наметавонад, монеъи сохти бомби атомӣ дар ин кишвар шавад. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ҳадафи Нетаняҳу “ҳаросангезӣ” аст, вале ӯ наметавонад, монеъи расидан ба созиши атомӣ шавад.

XS
SM
MD
LG