Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аркадий Бахин ба Тоҷикистон омад


Аркадий Бахин, муовини аввали вазири дифои Русия.
Аркадий Бахин, муовини аввали вазири дифои Русия.

Аркадий Бахин, муовини аввали вазири дифои Русия бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи иттиллои дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон, сафари кории Аркадий Бахин аз Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27 феврал сурат мегирад. Масъулони вазорати дифои Тоҷикистон низ хабари сафари Аркадий Бахин ба Душанберо тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки сафари ин мақоми дифоии Русия ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон рабт мегирад.

Ба ин далел онҳо мегӯянд, ҳоло мулоқоти Аркадий Бахин ва мақомоти Тоҷикистон дар назар нест ва ин мансабдори рус барномаҳои сафари худро дар ҳамкорӣ бо пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон тарҳрезӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз расонаҳо навиштаанд, ки дар ҷараёни сафари якрӯзаи Аркадий Бахин ба Тоҷикистон, дидору гуфтугӯи вай бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар назар аст.

Аркадий Бахин дар ҳоле ба Душанбе сафар мекунад, ки охири моҳи январи соли ҷорӣ Анатолий Антонов, муовини дигари вазири дифои Русия аз Тоҷикистон бозиди корӣ ба амал оварда буд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, сафари Аркадий Бахин ба Душанбе дар ҳошияи ҳодисаҳои даст доштани чанде аз низомиёни пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дар ҷиноятҳои марбут ба куштор ва лату куби сокинони маҳаллӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG