Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар резиши тарма 80 нафар ҷон бохтанд


Дар манотиқи кӯҳистонии шимоли Афғониситон дар натиҷаи резиши тарма 80 нафар ҷон бохтаанд. Танҳо дар вилояти Панҷшери Афғонистон дар натиҷаи резиши тарма 28 нафар ҷон бохтаанд. 25 феврал мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки даҳҳо нафари дигар бедарак шудаанд ва мумкин аст шумораи ҷонбохтагон афзоиш ёбад.

Дар давоми ду рӯзи резиши барф роҳҳои аслии ин вилоят баста шуданд ва гурӯҳҳои наҷот наметавонанд ба рустоҳои осебдида кӯмак расонанд.

Абдулазиз Ғайрат-раиси пулиси вилояти Панҷшер мегӯяд, ки рустоҳои Париён, Дара ва Бозорак дар зери барф мондаанд ва ҳоло яхбандон шуруъ шудааст.

Барфи зиёд ҳамчунин роҳи туннели Солангро низ бастааст. Ин роҳ Кобулро бо вилоятҳои шимолии Афғонистон ва кӯҳҳои Ҳиндукуш мепайвандад.

XS
SM
MD
LG