Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси консулгарии Қирғизистон дар Хуҷанд


Абдулфайз Атоев

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд то замони ҳалли масоили марзӣ бо Қирғизистон масъалаи ифтитоҳи консулгарии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд сабр хоҳад кард. Вазорати хориҷаи Қирғизистон иддао дорад, ки Тоҷикистон ба ифтитоҳи консулгариаш дар Хуҷанд иҷозат надодааст.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вазорат нагуфтааст, ки барои ифтитоҳи консулгарии Қирғизистон дар Хуҷанд иҷозат нахоҳад дод, балки ҷониби Тоҷикистон бо анҷоми пурраи масъалаи марзӣ ризояти худро ба ин хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки Аскар Бешимов, муовини вазири хориҷаи Қирғизистон имрӯз дар порлумони ин кишвар зимни суханронииаш гуфтааст, ки Тоҷикистон дар мавриди боз намудани консулгарии генералӣ дар шаҳри Хуҷанд иҷозат намедиҳад.

Вай гуфтааст, ки ҳанӯз Тоҷикистон ба таври расмӣ посухи рад надодааст,вале аммо дар суҳбату мулоқотҳо ҷониби Тоҷикистон аз додани ифтитоҳи консулгарӣ худдорӣ мекунад.

Аскар Бешимов гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон номувофиқатии ҷойи консулгариро сабаб пеш меорад.

Аммо Абдулфайз Атоев гуфт, ки ҷониби Қирғизистон дар ин масъала шитоб дорад ва мехоҳад то иди Наврӯз колнсулгарии худро дар Хуҷанд ифтитоҳ кунад, вале ҷониби Тоҷикистон ба ин мавқеъ аст, ки то анҷоми пурраи масъалаҳои марзӣ, хусусан масъалаи ташхиси марз, сабр кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG