Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Чин ба сафари Модӣ ба Аруначал


Нарендра Модӣ
Нарендра Модӣ

Ашок Канза, сафири Ҳиндустон дар Пекин шоми 21 феврал ба вазорати умури хориҷии Чин эҳзор шуд. Муовини вазири умури хориҷӣ Лю Чжэнмин ба ӯ нотаи эътирозиро дар робита ба сафари нахуствазири ҳинд Нарендра Модӣ ба як минтақаи баҳснок дар мардуми ду кишварро супурд. Ду рӯз пеш Модӣ ба аёлати Аруначал-Прадеш дар шимолу шарқи кишвар ташриф овард ва дар тантанаҳо ба шарафи таъсиси аёлат ва ифтитоҳи роҳи оҳан ширкат намуд.

Аёлати Аруначал-Прадеш, ки масоҳаташ тақрибан 84 ҳазор метри мураббаъ аст, солҳо боз минтақаи баҳсталаб миёни Ҳиндустону Чин боқӣ мемонад. Пекин ин мавзеъро як бахши Тибет мехонад.

Баъд аз ҷанг миёни Ҳиндустону Чин дар соли 1962 марзи ду кишвар пурра аломатгузорӣ нашуд. Дар он ҷанг беш аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG