Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари музокирот бо Толибон рад шуд


Ҳукумати Амрико ва Толибон гузоришҳо дар бораи музокироти сулҳ дар Афғонистон дар Қатарро рад карданд. Бернадет Миҳан, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, рӯзи 19-уми феврал гуфт, ҳукумати кишвараш “раванди сулҳ ба раҳбарии худи афғонҳо” ба шумули Толибонро дастгирӣ мекунанд. Аммо гуфт ӯ, ҳеҷ гуна мулоқоте бо Толибон ва намояндагони Амрико барномарезӣ нашудааст. Аз ин пештар гузориш шуд, ки ҳафтаҳои оянда дар Қатар намояндагони Толибону Амрико дар бораи сулҳ дар Афғонистон гуфтӯгу мекунанд. Аммо Толибон ҳам ин гузоришро рад карданд ва гуфтанд, шартҳои онҳо барои музокирот пазируфта нашудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, рӯзи 19-уми феврал гуфт, ки онҳо “ҳеҷ барномаи музокирот бо ҳеҷ кас дар Қатар” надоранд. Намояндагони баландпояи артиши Покистон аввали ин ҳафта гуфтанд, ки Толибони Афғонистон майл доранд, то рӯзи 19-уми феврал бо мақомоти Амрико дар бораи сулҳ дар Афғонистон гуфтӯгу кунанд.

XS
SM
MD
LG