Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозон Дебалтсеворо тарк мекунанд


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, нерӯҳои давлатӣ шаҳри Дебалтсево, яке аз саҳнаҳои аслии ҷанг бо ҷудоиталабонро “ба таври муназзам ва барномарезишуда” тарк мекунанд. Петро Порошенко гуфт, тақрибан 80 дар сади воҳидҳои низомии Украина шаҳрро тарк кардаанд ва ду корвони дигари сарбозон боқӣ мондааст. Бо вуҷуди ҳукми иҷро гирифтани созиши оташбас аз рӯзи 15-уми феврал, ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабон идома кард. Дебалтсево як шаҳри муҳим дар байни вилоятҳои Донетск ва Луҳанск аст ва онҳоро бо роҳи оҳан васл мекунад. Ин вилояҳои саноатӣ ва умдатан руснишинро ҷудоиталабони тарафдори Русия дар даст доранд. Аз ин пештар Федерика Могерини, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, таҳоҷуми ҷудоиталабон дар шаҳри Дебалтсеворо маҳкум кард ва онро “нақзи ошкори” созиши оташбас номид. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, созиши оташбас ба истиснои Дебалтсево дигар тамоми минтақаҳои даргирӣ риоят мешавад.

XS
SM
MD
LG