Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Могерини ҷудоиталабони Украинаро танқид кард


Федерика Могерини, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, амалкарди ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина, «нақзи ошкори» созиши оташбаси ҳафтаи гузашта аст. Ӯ рӯзи 18-уми феврал гуфт, «дар сурати идомаи ҷанг ва дигар таҳаввулоти манфӣ бар хилофи созишномаи Минск» Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина чора меандешад. Аз ин пеш Семён Семёнченко, узви порлумони Украина, ки як баталиёни тарафдори ҳукуматро раҳбарӣ мекунад, гуфт, воҳидҳои артиш шаҳри Дебалтсеворо “бар асоси барнома ва муташаккилона” тарк мекунанд. Семен Семенченко, дар ин бора рӯзи 18-уми феврал дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод. Ҷудоиталабони тарафдори Русия гуфтанд, ки садҳо сарбози украинӣ ба онҳо таслим шудаанд. Аз ин пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз ҳукумати Украина хост, ба сарбозони муҳосирашудааш иҷоза бидиҳад, ки силоҳҳояшонро ба замин гузоранд.

XS
SM
MD
LG