Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури 45 ҷавони Хатлон дар ҷангҳои Сурия


Ҷангиёни тоҷик дар Сурия

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Хатлон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон 45 сокини ин минтақа иштирок доранд. Шаҳзод Раҳимов, як масъули раёсат, ки 18 феврал бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳоло алайҳи ин афрод парванда боз шудааст.

Вай афзуд, то кунун чор нафари онҳо дар ҷангҳои Сурия ҷони худро аз даст додаанд, ки 2 нафарашон аз Кӯлоб, 1 нафар аз Бохтар ва 1 тани дигар аз Вахш будаанд. Аз ин пештар, додситонии Хатлон гуфта буд, теъдоди ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон аз ин минтақа иштирок доранд, ба 31 нафар мерасад.

Шаҳзод Раҳимов гуфт, ҳоло бо дастури ҳукумати маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии ҷавонон ва ҷинояткори онҳо бо мардум суҳбат анҷом медиҳанд. Вале афзуд ӯ, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 102 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҷиноят зиёдтар мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG