Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо ба сафари Миррих маълум шуданд


Масъулони тарҳи пурсарусадои фиристодани инсон ба саёраи Миррих 50 зан ва 50 мардро барои ширкат дар ин барнома интихоб кардаанд. Баъди эълони ин барнома 202 ҳазор нафар довталаб барои сафари бебозгашт ба Миррих ариза додаанд, вале танҳо 100 нафар қабул шудаанд. Барномаи мазкурро Бас Лансдорп, як соҳибкор аз Ҳолланд сармоягузорӣ мекунад. Бар асоси ин тарҳ бояд аввалин инсонҳо Марсро фатҳ карда ва дар онҷо зиндагӣ кунанд. Агар ҳамачиз дуруст пеш равад, аз соли 2025 ҳар ду сол чаҳор нафарӣ ба Миррих фиристода мешаванд, то замоне, ки шумораи сокинони ин курра ба 40 нафар бирасад.Ба гуфтаи масъулонаш, довталабоне, ки интихоб шуданд, дар гуфтӯгу нишон доданд, ки хатару дигар ҷанбаҳои ин саёҳати фавқуллодаро мефаҳманд. Номзадҳои интихобшуда аз Амрикову Русия, Ироқу Эрон, Покистону Сербистон ва Украина ҳастанд.

XS
SM
MD
LG