Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадиҷаро ба ҷиноятҳои дигар муттаҳам карданд


Мақомоти интизомии Озарбойҷон Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори мустақил ва аз ҳамкорони Радиои Озодиро ба ҷиноятҳои дигар муттаҳам карданд. Фариз Намозлӣ, вакили дифоаш гуфт, ки Хадиҷаро акнун ба дуздӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд. Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот мумкин аст, ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кунанд. Ба гуфтаи Фариз Намозлӣ, Хадиҷа Исмоилова ҳамаи ин иттиҳомотро рад кардааст. Хадиҷа Исмоиловаро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта бо иттиҳоми ташвиқи як нафар ба худкушӣ боздошт карданд. Ӯ яке аз хабарнигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Озарбойҷон аст, ки тайи чанд моҳи ахир мавриди таъқиб қарор гирифтаанд. Охири моҳи гузашта мақомоти Озарбойҷон дафтари Радиои Озодиро дар Бокуро бастанд ва даҳҳо хабарнигори радиоро дар робита ба корашон бозпурсӣ карданд.

XS
SM
MD
LG