Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои Раҳмон ва Аслов бо вазири қирғиз


Сироҷиддин Аслов (рост) ва Эрлан Абдилдаев
Сироҷиддин Аслов (рост) ва Эрлан Абдилдаев

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш -- Эрлан Абдилдаев мулоқот кард. Ин мулоқот рӯзи 10 феврал дар ҷараёни сафари серӯзаи Абдилдаев ба Душанбе сурат гирифтааст.

Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо ба ҳалли мусбат ва ба ҳарду тараф манфиатовари “делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар таъкид кардаанд”. Гуфта шудааст, бояд ба раванди мушаххас ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон суръат бахшида шавад.

Дар нимаи дувуми рӯзи 10 феврал Эрланд Абдилдаевро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ гуфт, дар мулоқот "ба масоили вобаста ба муайянсозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт."

Ҳарду ҷониб бо изҳори таваҷҷӯҳ ба идомаи ҳамкорӣ дар масоили марзӣ ба зарурати "пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез" таъкид кардаанд.

Душанбеву Бишкек, инак, 23 сол боз наметавонанд раванди таъин ва аломатгузории 970 километр марзи мустақими ду кишварро ба поён расонанд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар сол чандин бор бархӯрдҳои хушунатомез сурат мегиранд, ки мунҷар ба занозании байни сокинони рустоҳри марзӣ ва ҳатто тирпаррониҳои хунин мешавад.

То имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километр аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра мушаххас шудааст.

XS
SM
MD
LG