Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 3 зилзила рух додааст


Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон се зилзила рух додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар додааст.

Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Фарҳангистони улуми Қирғизистон гуфтааст, зилзилаи нахуст рӯзи душанбе соати 9:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст ва маркази он дар 55 километрии шаҳри Бишкек дар шимоли кишвар будааст.

Ду зилзилаи дигар ба дунболи он ба вуқуъ пайвастааст. Шиддати зилзила 2 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG