Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 2 таркиши Бағдод 23 нафар кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, дар таркише дар шаҳри Бағдод 13 нафар кушта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятӣ қуюди шабгардиро, ки аз муддатҳо пеш ҷорӣ буд, мехостанд бардоранд.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли пулис гуфтааст, ки 7 феврал як бамгузори интиҳорӣ дар қисмати шаҳри нави Бағдод худро таркондааст ва дар он 13 нафар кушта, 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабаргузории Ройтерз низ аз қавли мақомоти расмии шаҳр навиштааст, ки як таркиши дигар дар бозори Шарқаи шаҳр рух додааст. Ба ин тартиб мақомот мегӯянд, ки дар ин таркишҳо 23 нафар кушта, бештар аз 50 нафар захмӣ шудаанд.

Қабл аз ин таркишҳо Ҳайдар Абадӣ-нахуствазири Ироқ дастур дода буд, ки ҳамин ҳафта қуюди шабгардиро бекор кунанд. Қуюди шабгардӣ дар Бағдод аз соли гузашта то ҳол давом дорад.

XS
SM
MD
LG